Намояндагони расмии Покистону Афғонистон ва сарони қабилавии паштунҳои ду тарафи марзи муштараки онҳо имрӯз дар Исломобод роҳҳои қатъи ошӯбангезии Толибон ва Ал Қоъидаро баррасӣ мекунанд. Вазири умури хориҷии Покистон, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар ифтитоҳи анҷуман гуфт, ҳарду кишвари Афғонистон ва Покистон бо хатари терроризм рӯбарӯянд ва бояд дар якҷоягӣ ба ин таҳдид посух бидиҳанд. Дар ҷаласа, ки "ҷиргаи хурд" унвон шудааст, аз ду ҷониб 50 нафар, ба ҷумлаи наммояндагони давлат, аҳзоби сиёсӣ ва қабилаҳои паштуни ду тарафи марз ширкат доранд.