Ливнӣ пешниҳоди интихоботи ҷадид кард

Зипӣ Ливнӣ, раҳбари ҳизби дар Исроил ҳокими Кадима, дар пайи нокомии талошҳояш ҷиҳати ташкили эътилофи нави ҳоким баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумониро пешниҳод кард.

Зипӣ Ливнӣ дирӯз ба раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес гуфтааст, ки дар шароити кунунӣ бояд интихоботи ҷадид доир кард. Ливнӣ, ки моҳи гузашта сарвазир Эҳуд Олмертро дар раёсати ҳизби Кадима иваз кард, гуфт, шарикони эҳтимолӣ дар эътилофи нав дар ҷараёни музокироте, ки чанд ҳафта боз идома дошт, талаботи ғайриқобилиқабул пеш гузоштаанд.

Зипӣ Ливнӣ дар ин музокирот пуштибонии Ҳизби корро ба даст овард, вале дар амри касби ҳимоят аз сӯи ҳизби муҳофизакори Шас натавонист муваффақ шавад.