Дар ҷаласаи ахири ҳукумати вилояти Хатлон, раиси вилоят Ғайбулло Афзал ба шаҳрдории Қӯрғонтеппа дастури қатъӣ дод, ки хиёбони марказии шаҳрро танзим ва сохтмонҳои мухолиф ба меъёрҳои шаҳрсозиро аз байн бубарад. Устондори Хатлон ҳамчунин таъкид кард, ки вуҷуди фурӯшгоҳу марокизи тиҷоратӣ ва низ мағозаи масолеҳи сохтмонӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр дуруст нест ва бояд ба канораҳои маркази маъмурии вилоят кӯч дода шавад.
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, аммо нагуфт, ки дар сурати тахриби фурушгоҳу тарабхонаҳои воқеъ дар «хати сурх»-и Қӯрғонтеппа, оё ба моликонаш ҷубронпулӣ дода мешавад ё хайр.
Сокинони хиёбонҳои марказии Қӯрғонтеппа аммо аз бозсозиҳои шаҳр чандон истиқбол намекунанд:
«Будани тарабхона дар наздикии хонаи мо хуб аст, зеро дар зимистонҳои бебарқу бегаз мо аксаран аз ғизоҳои таҳиякардаи ҳамин ошхонаҳо тановул мекунем.
… Гумон аст, ки шаҳрдорӣ тавонад маблағи дар сохтмони фурӯшгоҳамон сарфшударо ҷуброн бикунад. Дар ҳоле ки мо бо иҷозати ҳамин ҳукумат онро бино кардаем. Ин як навъи дахолат ба кори соҳибкории мост…
… Агар ин биноҳоро тахриб кунанду ба ҷойи онҳо корхонаҳои саноатӣ таъсис ёбад ва ҷойҳои холи корӣ пайдо шаванд, чӣ хуб, аммо ба ин бовар надорам, рости гап…»
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Қӯрғонтеппа хабар медиҳад, ки дар се соли оянда тарҳи бозсозӣ, ё нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа омода хоҳад шуд.
Иззатулло Зоиров, раиси шаҳри Қўрғонтеппа гуфт, дар тамоми кишвар танҳо як мутахассис метавонад тарҳи бозсозии шаҳрҳоро омода бикунад, аммо вай алъон машғул ба таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд будааст. Шаҳрдории Қўрғонтеппа бо мутахассиси мазкур шартнома имзо карда, чунин тавофуқ ҳосил шудааст, ки пас аз таҳияи нақшаи генералии Хуҷанд, вай дар Қўрғонтеппа машғул хоҳад буд.
Оқои Зоиров ҳамчунин гуфт, зарурати тавсеаи заминҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон ба миён омадааст. Бар асоси иттилои пешакӣ, бояд аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Бохтар 230 ҳектор замин ба ихтиёри шаҳри Қўрғонтеппа дода шавад.
Барои таҳияи тарҳи бозсозии Қўрғонтеппа 60 ҳазор сомонӣ ихтисос шудааст, аммо барои пурра иҷро шудани пружаи мазкур бештар аз ним миллион сомонӣ зарур будааст. Алъон, тарҳи бозсозии шаҳр танҳо барои 100 ҳектар рўйи даст ҳаст ва бо фарох шудани домани шаҳр дар ин нақша таҷдиди назар хоҳад шуд.
Бар асоси нақшаҳои шаҳрдорӣ, бо таҳияи тарҳи бозсозии Қўрғонтеппа, ба гумони ғолиб, манозили худсохту чандошёнаи маҳаллаҳо тахриб шуда, ба ҷойи онҳо сохтмони биноҳои маскунии баландошёна роҳандозӣ хоҳад шуд.