Дар бозорҳои Осиё нархи саҳом ва нафт поин рафт

Имруз дар бозорҳои Осиё нархи саҳом ва нархи нафт поин рафт. Сабаби чунин поинравӣ нигарониҳо аз рушди кунди иқтисод арзёбӣ мешавад. Масалан, нархи саҳом дар бозори Токиои Ҷопон тақрибан 3 дарсад поин рафтааст ва нархи нафт, ки моҳи декабр ба бозор хоҳад омад, як доллар камтар шуда, барои як бушка ба 71 доллар расидааст. Дар бозорҳои молии Осиё нархи як евро дар баробари доллар дар 20 моҳи ахир ба поинтарин нуқтаи худ расид. Дар Аргентина хонум Кристина Фернандес-раиси ҷумҳур қонунеро имзо кард, ки тибқи он 10 бунёди хусусии пардохти нафақа миллӣ хоҳад шуд.