Имрӯз Қазоқистон 30 муҳандиси низомиашро аз Ироқ берун кашид. Вазорати мудофиаи Қазоқистон мегӯяд, ихроҷи нерӯҳо бо дархости ҳукумати Ироқ ва беҳбуди вазъи амниятии ин кишвар ба вуқӯъ пайваст. Низомиёни Қазоқистон дар моҳи августи соли 2003-ум дар чорчӯби эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА ба Ироқ сафарбар шуда буданд.