Кобул ва СММ қатли Вилямсро маҳкум карданд

Normal 0

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва СММ ба дасти Толибон кушта шудани корманди созмони хайрия дар Кобулро маҳкум карданд. Гейл Вилямс, шаҳрванди Африқои ҷанубӣ, дар роҳ ба макони кораш кушта шуд. Ин зан корманди муассисаи масеҳии бритониёии “Серв Афганистан”( “Хидмат ба Афғонистон) буд, ки ба мардуми маълул кӯмакҳои хайрия мерасонд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта, дар тавҷеҳи ин амал гуфтаанд, Гейл Вилямс дини масеҳиро таблиғ мекард.