Полиси минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ дастур гирифт, ки ба ҳама гуна тирборон посухи ҳамсон бидиҳад. Намояндаи ин минтақа ҳарбиёни Гурҷистонро айбдор кард, ки бо тирандозӣ ба полиси Осетияи Ҷанубӣ вазъро муташанниҷ мегардонанд. Вале намояндаи Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, рӯзи шанбе кормандони полиси Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи сарбозони рус, ки дар ҳолати мастӣ буданд, ҳадаф қарор гирифтаанд.