Имруз нарх дар бозорҳои саҳоми Аврупову Осиё аз бими амиқтар шудани буҳрони молии ҷаҳон бештар поин рафт. Масалан, дар бозори Ҷопон чунин поинравӣ 10 дарсадро ташкил дод, ки он бузургтарин зарар дар 20 соли ахир дар ин бозор мебошад. Нархи саҳом дар бозорҳои Аврупо низ 5 дарсад поин рафт. Бозорҳои саҳоми Руссия ҳамчунон баста боқӣ монданд. Як рузи пеш нархи саҳом дар бозорҳои Амрико дар панҷ соли ахир ба поинтарин нуқтаи худ расид. Вазирони молӣ ва раҳбарони бонкҳои марказии Гуруҳи кишварҳои Ҳафт ё ҳафт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз буҳрони пешомада нишасти изтирорӣ баргузор мекунанд