Normal 0
Афзоиши ҳамалоти ҷангиёни Толибон ғолибан як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар нишасти ғайрирасмии вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони низомии НАТО дар Будапешт хоҳад шуд. Ин нишаст дар пойтахти Маҷористон ду рӯз давом хоҳад кард. Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон дасти кам 131 сарбози амрикоӣ ва 100 сарбози НАТО кушта шудаанд.
Амрико феълан дар Афғонистон 32 000 сарбоз дошта, қасд дорад, ба он кишвар нирӯи бештар бифиристад. Бархе мақомот, аз ҷумла вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс, дар баробари афзоиши хушунатҳо хостори гуфтугӯ бо Толибон шудаанд.