Поинрафти мизони баҳраи бонкӣ дар ҷаҳон

Як гурӯҳ бузургтарин бонкҳои марказӣ таҳти як тадбири ҳамоҳангшуда дар шароити амиқрафти бӯҳрони молӣ мизони баҳраи бонкиро поин бурданд. Бонкҳои марказии ИМА, Аврупо, инчунин Шветсия, Швейтсария, Бритониё ва Канада гуфтанд, ки ба хотири фаъолосозии иқтисод ба кам кардани мафоди бонкӣ иқдом мекунанд. Аммо ин тадбир мизони баҳраи бонкиро дар як меъёр қарор намедиҳад, балки бо дарсадҳои мухталиф ҳаҷми онро коҳиш медиҳад. Имрӯз зимни суханронӣ дар осоишгоҳи Эвини Фаронса раиси ҷумҳурӣ Николя Саркозӣба иқдомоти ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳо ва бонкҳои марказӣ чун танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз варшикастагӣ ва тӯфони ғайри қобили пешбинии молӣ даъват кард. Аз ин иқдоми Аврупо Кохи Сафед ситоиш кардааст.