Иҷозаи ифтитоҳи дафтари созмони амрикоӣ дар Эрон

ИМА ба як созмони ғайридавлатии амрикоӣ иҷоза дод, ки дафтари намояндагиашро дар Эрон ифтитоҳ кунад. Ин иқдомро расонаҳои хабарӣ чун як ҳодисаи камназир арзёбӣ карда гуфтаанд, як Шӯрои амрикоиву эронии "Принстон", мақарраш дар Ню-Ҷерсӣ муҷаввизеро ба ин манзур аз вазорати молия дарёфт кардааст. Вазорати хориҷаи Амрико бо таъиди ин хабар аммо гуфтааст, ки сиёсати Вашингтон дар қиболи Эрон ҳамонгуна ки буд мемонад. Брент Лоллис, раиси иҷроияи ин Шӯро бо пахши изҳороте гуфт, ки таъсиси ин созмон қадамест ба самти оддисозии равобити миёни Эрон ва ИМА.