Тарҳи наҷоти “Ҳипо Риал Истейт” тасвиб шуд

Normal 0

Ниҳодҳои танзимкунандаи Иттиҳодияи Аврупо барномаи 35-миллиардевроии давлати Олмон ба хотири аз вартаи бӯҳрон раҳонидани гурӯҳи молии “Ҳипо Риал Истейт”-ро тасвиб карданд. Тибқи тарҳи пешниҳодӣ, 26 миллиарду 600 миллион евро аз маболиғи лозим барои раҳоии ин ширкати бузургро давлати Олмон ва бақияро иттиҳодияи бонкҳо хоҳанд пардохт.

“Ҳипо Риал Истейт” дар ҳафтаи равон хостори дахолати давлат ба хотири раҳоияш аз расвоии молӣ шуд. Ин ширкат нахустин ширкати бузурги молӣ дар Олмон аст, ки дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ зери чатри давлат хоҳад омад.