Юшенко ҳавопаймои Тимошенкоро гирифтааст

Имрӯз ҳавопаймои президенти Украина Виктор Юшенко ба нишасти фавқулода дар фурӯдгоҳи шаҳри Киев маҷбур шуд. Дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардоштааст. Сухангӯи президенти Украина хонум Ирина Ванникова мегӯяд, президенти кишвар озими шаҳри ғарбии Лвив буд, вале баъди 20 дақиқаи парвоз маълум шуд, ки ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ мувоҷеҳ шудааст ва аз ин рӯ, ҳавопаймои президентӣ ба Киев баргашт. Сипас Юшенко ҳавопаймояшро табдил дода, сафар ба Лвивро давом дод.

Дар ин байн дафтари сарвазири Украина хонум Юлия Тимошенко иттилоъ дод, ки мавсуф бо як ҳавопаймои хурди чартерӣ ба Маскав рафтааст, зеро тибқи ахбори расида ҳавопаймои омодаи сафар ба Русияро президенти Украина истифода бурд. Ахиран ихтилоф миёни Юшенко ва Тимошенко афзоиш ёфтааст.