Раиси Комиссиюни Аврупо Ҳосе Мануэл Баросо гуфт, ки ҳукуматҳои аврупоӣ бояд ба хотири баэътидол овардани вазъи молии дучори бӯҳроншуда ҳамкории наздикро ба роҳ монанд. Вай зимни сӯҳбат дар як нишасти матбуотӣ дар Бруссел гуфт, ки ҳукуматҳо бояд ба хотири наҷоти сохторҳои моливу бонкҳои ҳамкорӣ карда барои барқарории эътимод ба фаъолияти минбаъдаи онҳо тасмимҳои дарозмуддат бигиранд. Баросо гуфт:
"Ин ҷо мушкил на танҳо дар таъмини бонкҳо бо пули кофӣ аст. Мо инчунин бояд дар иқдом ва вокунишҳои Аврупо эътимоди бештарро ироа кунем. Аз ҳамин хотир мо аз кишварҳои узв тақозои ҳамкории наздиктарро мекунем".
Оқои Баросо ба назорати қавитар аз болои кори бонкҳо ва ҷорисозии муқаррароти нав дар саросари Аврупо даъват кард, то ки сармояҳо бо хатар рӯбарӯ нашаванд.
Дар ҳамин ҳол, вазирони хориҷаи бузургтарин қудратҳои иқтисодии Аврупо - Фаронса, Бритониё, Олмон ва Итолиё гуфтанд, ки рӯзи шанбе дар Париж барои баррасии вазъи бӯҳронӣ ташкили ҷаласа мекунанд.