Раиси сиёсати хориҷӣ Ҳавер Солана гуфт, ки ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон кори худро тадриҷан оғоз кардааст ва артиши Русия нозиронро барои ворид шудан ба манотиқи буферӣ дар атрофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ иҷоза додааст. Сухангӯи Солана гузоришҳо роҷеъ ба вуҷуди музокираҳо бо артиши русӣ барои роҳ ёфтани нозирони аврупоӣ ба ин манотиқро рад кард. Ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо аз 350 нафар иборат аст, 200 нафари онҳо ходимони интизомӣ ва полис буда боқӣ ғайринизомиён мебошанд. Вазифаи асосии нозирон аз он иборат мешавад, ки иҷрои бандҳои созиши сулҳи миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо басташударо назорат кунанд. Тибқи ҳамин қарордод, Русия бояд то таърихи 10 октябр манотиқи амнро тарк кунад.