Раҳбари Толибон изҳорот пахш намудааст

Раҳбари ҷумбиши Толибон мулло Умар гуфтааст, ки агар ҳозир нерӯҳои зери раҳбарии ИМА аз Афғонистон берун шаванд, хуруҷи ороми онҳо таъмин хоҳад шуд. Мулло Умар таҳдид кардааст, ки агар сарбозони ИМА ва НАТО дар Афғонистон боқӣ монанд, сарнавишти онҳо ҳамон сарнавишти сарбозони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад буд, ки аз муҷоҳиддин шикаст хӯрданд. Паёми мулло Умар дар як саҳифаи интернетии ифротгароҳо ба табъ расидааст.
Нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар соли 2001-ум Толибонро аз сари қудрат дур карданд, вале вақтҳои ахир толибони ҷангҷӯй дар ҳоли муқовимати шадид ба эътилоф қарор доранд.