Сешанбеи 30-уми сентябр мусулмонони Арабистони Саудӣ, Лубнон, Либия, Урдун ва аксари кишварҳои Халиҷ ҷашни иди Фитрро оғоз менамоянд. Уламои исломии Арабистони Саудӣ изҳор намуданд, ки шоми гузашта моҳи нав зуҳур намуд. Ҳамин тариқ моҳи шарифи Рамазон хотима ёфт. Вале муфтии Миср таъкид кард, ки дар ин кишвар иди Фитр рӯзи чоршанбе фаро мерасад. Тибқи иттилои расида мусулмонони Тоҷикистон ҳам иди Фитрро рӯзи чоршанбеи 1-уми октябр таҷлил хоҳанд кард.