Маҷлиси Намояндагон: Маҷлиси поёнии Конгресси ИМА барномаи тахсиси 700 миллиард доллар ба хотири наҷоти низоми молии ин кишварро тасдиқ накард. Ҳангоми овоздиҳӣ 228 вакил бар зидди он ва 205 вакил ба тарафдорӣ аз тасдиқи он раъй доданд.
Тасдиқи ин лоиҳа имкон медод, ки вазорати молияи ИМА 700 миллиард долларро барои харидории қарзҳои беқурбшуда масраф намуда, бозорҳоро аз нав ба кор дарорад.
Дар арафаи овоздиҳӣ президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз қонунгузорон даъват карда буд, ки бо ҳадафи эҳёи назму субот дар бозорҳои молии ИМА барномаро дастгирӣ кунанд.