Буш қабули тарҳи наҷоти низоми молиро тақозо кард

Раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш аз қонунгузорони кишвараш тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат нақшаи 700-миллиарддолларии наҷоти низоми молии Амрикоро ба тасвиб расонанд. Вай аз ин тарҳи чун як қонуни хеле тавонманд ситоиш кард, ки ба барқарории нирӯву суботи иқтисоди Амрико равона шудааст. Бо пахши изҳороти мухтасаре имрӯз Буш гуфт, ки тарҳи қонуни мазкур ба ҳалли умқи бӯҳрони пешомада равона шудааст, ҳарчанд вай ҳушдор додааст, ки он наметавонад кулли масъалаҳои иқтисодии Амрикоро пӯшиш дода барои рафъи дигар мушкилот фурсате лозим хоҳад шуд. Тибқи гузоришҳо, Маҷлиси намояндагони Амрико қарор аст имрӯз барои қабули ин тарҳи қонун ташкили ҷаласа кунад ва Сенат бояд дар давоми ҳафта барои қабули ин тарҳ раъйдиҳӣ ташкил кунад. Баъди даврони Рукуди азим нақшаи наҷоти мазкур азимтарин иқдоми ҳукумат дар амри мудохила ба бозорҳои молии Амрико арзёбӣ мешавад. Тавассути ин қонун, давлат ҳақ пайдо мекунад, ки моликияти ширкатҳои азими варшикастаро ба дасти худ дароварда қарзҳои молии масдудшударо дубора боз кунад.