Дар шимоли Лубнон имрӯз бомбае дохили мошин дар наздикии истгоҳи автобусе мунфаҷир шуд, ки дар дохилаш сарбозон нишаста буданд. Дар ин ҳодиса, дасти кам чаҳор нафар кушта ва 30 тан маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамлаи дуюме буд, ки алайҳи артиши Лубнон дар тӯли ду моҳи охир равона шудааст. Аксари қурбониҳои таркише, ки дар бандари шимолии Триполӣ рӯй дод, сарбозон буданд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. 12 август дасти кам 15 нафар бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ, ки ҳамчунон дар наздикии автобуси сарбозон дар Триполӣ мунфаҷир шуд, ҷон доданд.