Влодимир Норов-вазири хориҷаи Узбакистон зимни суханони худ дар нишасте дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ дар Нию Йорк гуфтааст, нодида гирифтани муқаррароти байналмиллалӣ роҷеъ ба сохтмони ниругоҳои барқи обӣ метавонад пайомадҳои ғайриқобили пешбинӣ дошта бошад. Норов гуфтааст, Узбакистон барои ҳифзи муҳити зисти худ соле аз 10 то 15 милён доллар масраф мекунад, вале нақшаҳо ва талошҳои баъзе давлатҳои минтақа барои коҳиши сатҳи об дар рудхонаҳои минтақа боъиси нигаронист.