Туркманистон "бештар демократӣ" мешавад

Интизор меравад, ки имруз Туркманистон Қонуни Асосии нави худро ба тасвиб расонад. Мақомоти расмӣ гуфтааанд, қонуни нав низоми бисёрҳизбӣ дар Туркманистонро иҷоза медиҳад. Тағироти дигар, аз ҷумла мамнуъ эълон шудани шиканҷа, ҳимоят аз ҳуқуқи дороиҳои хусусӣ низ дар назар дошта шудааст, ки интизор меравад дар иҷлоси Халқ Маслаҳатӣ ё Шурои Мардумии иборат аз 2 ҳазору 500 нафар сарони қабоилу раҳбарони маҳаллӣ ба тасвиб расад. Интизор меравад, ки ин шуро пароканда шавад ва порламон тавсеъа ёбад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур гуфтааст, чунин ислоҳот кишварашро "бештар демократӣ" хоҳад кард.