Ҳавопаймоҳои низомии Туркия мавозеъ шуришиёни курдро дар шимоли Ироқ бомборон карданд. Сухангуи Ҳизби Коргарони Курдистон ё Пи Кей Кей гуфтааст, шоми панҷшанбе ҳавопаймоҳо ҳадафҳоеро дар куҳистонҳои Қандил воқеъ дар марзи миёни Туркияву Ирон ба оташ кашидаанд. Сухангуи Пи Кей Кей афзудааст, ҳизби вай аз қабл медонист, ки чунин ҳамла барномарезӣ мешавад, ба ин далел пойгоҳҳои худро аз ин мавозеъ берун кашида буд. Аз моҳи октябри соли гузашта ба ин су Туркия бар зидди шуришиёни курд дар шимоли Ироқ чанд амалиёти фаромарзӣ анҷом додааст.