Чархболҳои амрикоӣ мавриди оташ қарор гирифтанд

Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, ки дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Покистон чархболҳои амрикоӣ ҳадафи оташи нерӯҳои покистонӣ қарор гирифтанд.
Ба қавли низомиёни амрикоӣ ҳамла замоне ба вуқӯъ пайваст, ки чархболҳо дар ҳарими ҳавоии вилояти Хусти Афғонистон буданд. Вале низомиёни Покистон мегӯянд, ки ду чархболи паймони НАТО ба ҳарими ҳавоии Покистон дохил шуда буданд ва низомиён маҷбур шуданд, ки то оташи ҳушдордиҳанда чархболҳоро ба бозгашт водор намоянд. Ба гуфти покистониҳо чархболҳо оташи ҷавобӣ кушоданд, вале он талафоте ба бор наовардааст.
Дар Ню Йорк президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ гуфт, ки сарбозон бо ҳадафи ҳушдордиҳӣ шӯъла паррондаанд, то чархболҳо ба ҳарими ҳавоии Афғонистон баргарданд.
Вақтҳои ахир Покистон чанд дафъа шикоят карда буд, ки ҳавопаймоҳои ИМАаз Афғонистон ба ҳарими ҳавоии Покистон ворид мешаванд.