Президент Ҷорҷ Буш мегӯяд, ки ИМА бо бӯҳрони молии ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст ва барои рафъи фоҷеаи эҳтимолии иқтисодӣ қонунгузории фаврӣ зарур аст.
Рӯзи чоршанбе дар паёми телевизионӣ президент Буш аз вакилони Конгресс даъват кард, ки ҳамроҳ сари миз нишаста барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии ин кишварро тасдиқ кунанд.
Ба қавли раисҷумҳури ИМА агар Конгресс ба зудтарин фурсат барномаро тасдиқ накунад, кишвар метавонад бо изтироби молӣ рӯ ба рӯ шавад, ки дар ниҳояти амр боиси нокомии соҳибкорон ва аз кор маҳрум шудани миллионҳо нафар мегардад.
"Вазъият маъмулӣ нест. Бозор ба таври лозимӣ амал намекунад. Эътимод ба таври васеъ аз байн меравад ва бахшҳои асосии низоми молии ИМА бо таҳдиди варшикастагӣ мувоҷеҳ шудаанд. Мушовирони баландпояи ҳукумат таъкид мекунанд, ки бидуни амали фаврии Конгресс Амрико метавонад бо ваҳшатзадагии молӣ фурӯ рафтаву бо натиҷаи вахими он ошно шавад."
Ҷорҷ Буш раҳбарони Конгресс ва ду довталаби курсии раёсатҷумҳурии ИМА: сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва сенатори демократ Барак Обамаро ба Қасри Сафед барои арзёбии барномаи тахсиси 700 миллиард доллар даъват кардааст.