Имрӯз вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Полсон ва раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке дар кумитаи молияи Маҷлиси намояндагони Конгресс суханронӣ карданд. Дар ин нишаст тарҳи пешниҳодкардаи Кохи Сафед барои тахсиси 700 миллиард доллар ба хотири наҷоти бахши молияи кишвар баррасӣ шуд. Дирӯз Полсон ва Бернанке дар нишасти кумитаи масоили бонкии Сенат аз Конгресс даъват карданд, ки ин тарҳро ҳарчӣ зудтар бипазиранд, дар акси ҳол бӯҳрон ҳама бахшҳои иқтисоди кишварро фаро хоҳад гирифт.
Вакилони Конгресси ИМА аз сарфи бузурги маблағ ва набудани кафолати ҳимояи молии молиётбидеҳҳои амрикоӣ нигаронанд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, Бюрои федеролии тафтишоти Амрико имкони қонуншиканиҳои молӣ аз сӯи чаҳор бонки бузурги кишварро пажуҳиш мекунад.