Муовини аввали раиси ноҳияи Ишкошим Гавҳархон Баёнов гуфт, рӯзҳои душанбе дар бозори наздимарзӣ туҷҷори афғон умдатан васоити нақлиётии сохти ҷопонӣ ва русиро ба харидорон пешкаш намуда, шанбеи ҳар ҳафта тоҷирони ҳар ду тарафи хати марз барои мубодилаи молу коло ва мардум барои харидорӣ ҷамъ меоянд. Муовини аввали раиси ноҳия бозори наздимарзиро барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва нақши онро дар беҳбуд бахшидани вазъи ҳаёти иҷтимоии тарафайн муҳим арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи муовини комиссари бандари Ишкошим, Самунёр Абдухалилхон, ҳар рӯзи бозор теъдоде аз 500 то 800 туҷҷори афғон дар бозори наздимарзӣ хелҳои молу колоро ба муомилот мебароранд. Вай гуфт, ки барои тиҷорат дар бозори наздимарзӣ ба ин ҷо аз вилоятҳои Тахор ва Қундуз низ меоянд. Масъули бандар бозори наздимарзиро василаи хуб барои пур намудани камбуди моли мавриди ниёзи мардум дар дӯконҳои дар ду тарафи марз арзёб намуд.
Идрис ном сокини вилояти Тахори Афғонистон мегӯяд, вай пас аз хатми синфи чаҳор ду сол мешавад, ки тиҷорат мекунад. Ба гуфтаи вай, агарчӣ муомилот дар бозори наздимарзӣ ҳафтае як бор баргузор мешавад, аммо тиҷорат дар ин ҷо барояш василаи хуби даромад мебошад.
Бозори наздимарзиро сокинони Бадахшони Тоҷикистон одатан «афғонбозор» меноманд. Ба гуфтаи коршиносон, шояд ба хотири ин, ки туҷҷори афғон дар ин ҷо барои содироти молу коло аз имконоти бештаре бархурдоранд ин вожа ба бозор часпида бошад. Аммо Мамадмурод валади Давлатмурод, як муҳандис аз шаҳри Файзобод гуфт, ки дар тарафи онҳо баръакс инро бозори тоҷикон меноманд ва аслан ин бозори муштараки тоҷику афғонист, ки ҷонибҳо аз он нафъи баробар доранд. Ин муҳандис изҳор дошт, ки вай ба ҳайси як тамошогар ва харидор ба бозор омадаст, аммо бозори тоҷиконро касод дарёфтааст. Вай афзуд, ки «ҳар чизе, ки мебинем чинист, мехостам пероҳани занонаи тоҷикона ва ё ҷомаи тоҷикӣ барои савғот бибарам, аммо мутаассифона пайдо накардам. Маҳсулоти шираворӣ, ки дар тарафи мо ба он ниёз доранд хеле кам аст.»
Дар байни майдачудаҳои истеҳсоли чинӣ, ки тоҷирони тоҷик дар пешашон густарда буданд, себҳои парвардаи сокини деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим Азизбеки Султонбеки 76-сола қариб ягона намуди маҳсулоти худӣ ба назар мерасиданд. Азизбеки Султонбек гуфт, ки вай ҳар рӯзи бозор бо ду ҷувол себ ба бозор омада, холӣ бармегардад, зеро себҳои сурхи навъи алматӣ, ки дар боғаш парвариш мешаванд, дастархонзеб ва барои савғотӣ дастовези арзанда маҳсуб мешавад.
Тоҷирони афғон дар баробари моли истеҳсоли чинӣ ҳамчунин молу колои сохти Эрон, Покистон ва Туркияро ба фурӯш мегузоранд. Сокинони маҳаллоти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, дар мавриди зарурат барои туйи арусу домод барои харид намудани коло онҳо ба бозори наздимарзӣ рӯ меоранд, зеро ҳар як метри матоъ қариб 7-8 сомонӣ барояшон арзон меғалтад. Ҳамчунин, кишоварзон дар ин бозор асбобу афзори корхонаҳои оҳангарии кишвари ҳамсояро пайдо мекунанд.
Коршинос Парвонаи Фаррухзод дар бозори наздимарзии Ишкошим афзалият доштани туҷҷори афғон ва касод будани бозори тоҷиконро ба ҳанӯз побанди масрафӣ будани шуури сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва набуди шууру тавлидотӣ вобаста медонанд. Вай гуфт, «мо ҳанӯз одат накардаем моле, ки ҳунари дасти мо бошад, ва ё тавлидоти ватанӣ ба фурӯш гузорем». Ба гуфтаи коршинос, ин дар ҳолест, ки дар ноҳия пӯсту пашми фаровон мавҷуд аст, ки тибқи қавонин содироти он мамнӯъ мебошад. Аммо тоҷирон метавонистанд аз он маҳсулоти ҳунармандӣ тайёр намуда, дар бозор ба фурӯш гузоранд, ки ин чиз мутаассифона ҳануз ба мушоҳида намерасад.
Абдулназар Асадбеков, корманди хадамоти карантини рустаниҳо дар робита бо мушкилоти воридотӣ мегӯяд, ки тоҷирони кишвари ҳамсоя қисме аз молу колоро бо истифода аз ҳайвоноти боркаш интиқол медиҳанд, ки ин ба сифати мол ба вижа маводи ғазо таъсир мегузорад.
Ба гуфтаи сокини шаҳри Душанбе Партовхӯҷа Алимов, алҳол вай бо ҳамсараш дар осоишгоҳи «Авҷ» табобат мегиранд, вале овозаи бозорро шунида ба ин ҷо омаданд ва хурсанд ҳастанд, ки мошинаи дарздузии «Зингар» харид намуданд. Вай баён дошт, ки бозор ин муомила аст, дӯстӣ ҳаст ва вай хоҳ бой додааст ва хоҳ бурд намудааст, аммо аз худи муомила ва рӯҳияи бозор қаноатманд мебошад.
Дар минтақаи Бадахшон се бозори наздимарзӣ фаъол буда, бозори Ишкошим калонтарин маҳсуб мешавад. Минтақаи Ишкошим бинобар наздик будан ба Чину Покистон ва шаҳрҳои бузурги Афғонистон бандари ҷанубу шарқии Тоҷикистон ном гирифтааст. Ба гуфтаи муовини авали раиси ноҳияи Ишкошим Г. Баёнов, алҳол дар маҳалли Лангари ноҳия як пулидигари фаромарзӣ сохта шуда, пас аз чанде дар назди он бозори дигари наздимарзӣ ба кор шурӯъ хоҳад намуд.