Раҳбарони олам ҳамлаи террористӣ болои меҳмонсарои Marriott дар пойтахти Покистонро, ки ҳаёти аз 40 то 60 нафарро аз байн бурдааст, маҳкум менамоянд.
Дар ин ҳамла ҳамчунин садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, ҳадаф аз ҳамлаи ошӯбгаронаи рӯзи шанбе барҳам задани назму субот дар Покистон буд.
Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штейнмейер иброз дошт, ки масъулони ин " амали даҳшатбор" бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Сарвазири Британия Гордон Браун изҳор намуд, ки кишвараш ҳар кумаки аз дасташ меомадаро дар муборизаи Покистон бар зидди терроризм фароҳам хоҳад овард. Браун гуфт, ки ӯ бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баҳс кард.
Вазорати корҳои дохилии Покистон мегӯяд, як гурӯҳи ҷангҷӯёни толиб аз минтақаи қабилаҳои назди марзи Покистон бо Афғонистон, ки бо Ал-Қоида иртибот дорад, масъули бомбгузории меҳмонсарои Marriott мебошад.
Мақоми баландпояи вазорати корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ки масъулони ҳамла болои ҳотел ҳамагӣ аз минтақаи қабилаҳо мебошанд.