Normal 0
Вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон гуфт, ҳазинаи барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, ки давлати Амрико пешниҳод мекунад, “садҳо миллиард доллар”-ро ташкил хоҳад дод.
Тасмими пешниҳоди чунин барномаи, ба гуфтаи Полсон, “фарогир” билофосила ба бозорҳои дунё таъсир кардааст.
Рӯзи ҷумъа қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиё, аз ҷумла дар Чину Ҷопон, Ҳонгконгу Тайван ва Кореяи ҷанубиву Австралия ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. Фурӯшот дар бозорҳои Аврупо низ рӯзи ҷумъа бо афзоиши ҳайратовари қимати саҳом оғоз ёфт. Қурби доллар ҳам як каме афзуда, ва шохиси санъатии Dow Jones низ дар оғози фурӯшоти рӯзи ҷумъаи биржаи Ню-Йорк 400 нуқтаи дигар боло рафтааст.