Тими футболи “Регар”ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар даври ниманиҳоии мусобиқот ба хотири дарёфти Ҷоми даъвати президенти AFC, Конфедеросиюни футболи қораи Осиё, бар тими “Ишқобод”-и Туркманистон баранда шуда, ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Ду қисми асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 3:3 анҷом ёфт, вале дар қисми иловагӣ бахт ба рӯи футболбозони тоҷик хандид ва онҳо тӯби чорумро вориди дарвозаи ҳариф карданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, доир шуд.
Дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати президенти AFC, “Регар-ТадАЗ” бо тими “Дордой-Динамо”-и Қирғизистон, ки дар даври ниманиҳоӣ “Непал Полис Клаб”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, вориди рақобат хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 23 сентябр низ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Бишкек баргузор хоҳад шуд.