Ширкати бритониёии "Ernst&Young LLP" ба аудит, ё худ бозрасии вижаи фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Ин ширкат бар асоси тендери байналмилалӣ ҳаққи анҷоми аудити Бонки Миллии Тоҷикистонро ба даст оварда, қарор аст, онро то моҳи ноябр анҷом диҳад.
"Ernst&Young" дар соли гузашта бозрасии муомилоти байни ширкати алюминии Тоҷикистон ва ширкати “Ансол”-ро анҷом дода, ин муомилотро бар зиёни ТАЛСО хулоса карда буд.
Аудити Бонки Миллии Тоҷикистон бо талаби Сандуқи Байналмилалии Пул, ки дар моҳи март Душанберо дар ироаи маълумоти ғайривоқеъӣ ба хотири дарёфти қарзҳои боимтиёзи ин ниҳоди молӣ айбдор карда буд, сурат мегирад. Сандуқи Пул ҳамчунин аз Тоҷикистон анҷоми аудити фаъолиятҳои ширкатҳои ТАЛСО ва “Барқи Тоҷик”-ро низ тақозо кардааст.