Раиси ҷумҳури Гурҷистон, Михаийл Саакашвилӣ имрӯз зимни мулоқот бо дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ хостори суръат бахшидан ба ҳамоиши кишвараш бо ин паймони низомӣ шуд. Дабири кулли Паймони низомии Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳуп Схеффер имрӯз вориди Тифлис шуд, то ҳимояти созмон аз Гурҷистонро намоиш диҳад, ки моҳи август бо Русия ҷангид. Ҳайъати 26 нафарии сафирони кишварҳои узви НАТО ба раҳбарии Яаап Де Ҳуп Схеффер ду рӯз дар Гурҷистон қарор хоҳанд дошт. Боздиди мазкур пеш аз муноқишаи Гурҷистон ва Русия бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ барномарезӣ шуда буд. Ҳамзамон бо вуруди мақомоти НАТО ба Тифлис, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба боздидҳояш аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон поён дод. Русия баъди муноқиша бо Гурҷистон ҳарду минтақаро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият шинохт.