Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, ки гурӯҳеро ба Гурҷистон мефиристад, то ниёзмандиҳои Гурҷистон дар паи муноқишаи низомии ин кишвар бо Русияро таҳқиқ намояд. Ёвари вазири мудофиаи ИМА Эрик Эделман гуфт, ки баъди анҷоми ин таҳқиқот ИМА имкони эҳёи иқтисод, зербино ва нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистонро баҳс мекунад.
Чанде пеш сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор намуд, ки кишвараш бо ҳадафи таҳрими содироти аслиҳа ба Гурҷистон лоиҳаи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти СММ матраҳ намудааст.
Чанде пеш сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор намуд, ки кишвараш бо ҳадафи таҳрими содироти аслиҳа ба Гурҷистон лоиҳаи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти СММ матраҳ намудааст.