Мулоқоти раҳбарони Украина ва Иттиҳодияи Аврупо

Имрӯз дар пойтахти Фаронса мулоқоти президенти Украина Виктор Юшенко бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо доир мешавад.
Аз гузоришҳои расида бармеояд, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳозир аст бо Украина равобити қавитаре танзим намояд, вале то кунун ҳеҷ сухани мустақим дар бораи узвияти эҳтимолии ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо иброз нагардидааст.
Мулоқот замонес урат мегирад, ки рақобати миёни пешвоёни инқилоби норанҷии Украина президент Юшенко ва сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенко боиси фурӯпошии эътилофи ҳоким гардидааст.