Тоҷике устоди донишгоҳ дар Лаҳистон

Оймуҳаммад Раҳмонов

Дар охирин соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои Лаҳистон фиристода шуданд.
Тибқи анъанаҳои пешин кишварҳои, ба истилоҳ, сусиёлистӣ, донишҷуёнро ба донишгоҳҳои якдигар мефиристоданд ва чунин табодул ҳамкориҳои илмву омузишӣ арзёбӣ мешуд. Оймуҳаммад Раҳмонов яке аз онҳост, ки баъд аз хатми донишгоҳ дар Лаҳистон корҳои илмиашро дар ин кишвар идома дод ва ҳоло доктор ва яке аз устодони муваффақи донишгоҳи Селезия мебошад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Оймуҳаммад Раҳмонов пурсидам, чӣ тавр ба Лаҳистон омадааст ва чаро дар он ҷо кору зиндагӣ ихтиёр кардааст?

О. Раҳмонов: Мо соли 1990 аз Тоҷикистон ба Полша омадем. Мақсади асосӣ табодули донишҷуёни Иттифоқи Советӣ ва мамлакатҳои сотсиалистӣ дар Аврупо буд. Баъд аз он ки мо дар соли 1990 ба ин ҷо омадем, Иттифоқи Советӣ барҳам хурд...

Суол: Бубахшед, шумо чанд нафар будед аз Тоҷикистон?

О. Раҳмонов: Мо чаҳор нафар будем. Як нафар аз факултети физика, дуввумӣ аз факултети химия, ман аз факултети биология ва як духтар аз факултети филологияи славянӣ буд. Мо дар ин ҷо чаҳор сол хондем. Вақте, ки Иттифоқи Советӣ барҳам хурд, масъалаҳои мо нисбатан вазнин буд.

Суол: Яъне замоне, ки шумо донишгоҳро хатм кардед, Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хурда буд?

О. Раҳмонов: Бале. Вақте, ки мо аз донишгоҳи Тоҷикистон ба Полша омадем, дар асоси шартномаи байни Иттифоқи Советиву Полша омада будем. Вале вақте, ки се моҳ дар ин ҷо таҳсил кардем, Иттифоқи Советӣ барҳам хурд ва собиқ шуд. Вақте, ки ба соли дуввуми таҳсил гузаштем, дигар СССР набуд.

Суол: Он вақт Тоҷикистон кишвари мустақил шуда буд ва оё ба унвони кишвари мустақил бо шумо иртибот дошт?

О. Раҳмонов: Онҳо ба мо ваъда карданд, ки ёрии калон мерасонанд, аммо нисбатан ёрӣ расонда натавонистанд. Ду ё се сол ба мо ёрӣ расонда буданд, баъдтар ин ёриҳо оҳиста-оҳиста камтар шудан гирифт. Ман соли 1994 дар ин ҷо донишгоҳи Селезияро бо дипломи сурх ба итмом расонидам. Муаллимони ин ҷо ба ман пешниҳод карданд, ки онҳо мехоҳанд ман дар факултаи онҳо кор кунам, то ки таҳқиқоти худро давом диҳам.

Суол: Яъне онҳо мехостанд, ки шумо дар ҳамин донишгоҳ ба унвони устод бимонед?

О. Раҳмонов: Бале, ҳамин хел, ман дар ин ҷо ба унвони устод монам ва инҳо маро ба аспирантураи худ даъват карданд. Дар муддати се сол ман дар ин ҷо номзадиро ҳимоя кардам. Материалҳои зиёде ҷамъ овардам дар бораи мавзуъи экосистемҳои биёбонӣ ё қумзори Полша. Онҳо гуфтанд, ки ман материалҳои хуб ҷамъоварӣ кардаам ва бо ин материалҳои зиёд ман метавонам, ки рисолаи доктории худро тез нависам. Новобаста ба ин, мо дар ҳамон вақт бо олимони Руссия, бо олимони Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардем, бо якдигар ҳамроҳ мақола менавиштем ва корҳои илмӣ мегузарондем...

Суол: Ва бубахшед оқои Оймуҳаммад, шумо дар Лаҳистон бо кадом забон таҳсил мекардед ва корҳои илмиатонро ба кадом забон анҷом медодед?

О. Раҳмонов: Вақте, ки мо ба Полша омадем, ба мо гуфтанд, ки мо бояд як сол дарси забони полякӣ гузарем, забони лаҳистонӣ. Дар муддати се моҳ мо тоҷикон гуфтем, ки забони лаҳистониро ёд гирифтаем ва ба таҳсил шуруъ кардем. Таҳсиламон ба забони лаҳистонӣ буд, корҳои илмӣ ҳам, яъне ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докторӣ ва ҳамчунин ман донишҷуёнро ба забони полякӣ, ба забони модарии худашон, лаҳистонӣ дарс медиҳам. Забонҳои англисӣ ва русӣ забонҳои конфронсӣ мебошанд.

Суол: Мумкин аст бигуед, ки ҳоло корҳои илмии шумо дар чӣ сатҳ аст?

О. Раҳмонов: Аз нуқтаи назари илмӣ тамоми дараҷаҳои илмие, ки ба ман зарур буд, ман ин марҳилаҳоро ба анҷом расонидам. Таҳқиқоти илмие, ки ман дар ин ҷо анҷом медиҳам, суксеси растаниҳо ва барқароршавии хок мебошад, дар шароити таъсири одам дар экосистемҳо. Мавзуест, ки чӣ тавр одам метавонад табиатро нобуд кунад ва ё аз чӣ роҳҳое метавонад табиат барқарор шавад. Кори илмие, ки ман дар ин ҷо анҷом додам, мавқеъи баланд дорад, на танҳо дар сатҳи Полша, ҳатто дар сатҳи Аврупо ва баъзе мамлакатҳои дигар, ки дар он ҷо биёбонҳо мавҷуданд.

Суол: Оқои Раҳмонов, мумкин аст дар бораи зиндагии худатон дар Лаҳистон пурсам?

О. Раҳмонов: Оилаи ман аз ҳамин ҷо мебошад.

Суол: Яъне сокини Лаҳистон?

О. Раҳмонов: Сокини Лаҳистон ва устоди донишгоҳи Экология мебошад. Аз Гидрология дарс мегуяд. Ман як писар дорам. Номи он кас Комилҷон. Мо имсол Комилҷонро ба Тоҷикистон бурда, хатнатуй карда, ба Лаҳистон баргаштем. Ман маълумот дорам, ки тоҷикон дар Фаронса, дар Олмон, дар Амрико ва дар кишварҳои дигар ҳастанд, ҷамъият доранд, бо ҳам иртибот доранд. Афсус, мо тақрибан намедонем, ки дар Полша тоҷикон мавҷуданд ё на. Як рафиқи мо Оқил Ҳамидов режисёри киност. Телвизёни Полшаро тамошо мекунем, фақат нишон медиҳад, ки Оқил Ҳамидов режисёри киност.

Суол: Падари он кас Обид Ҳамидов ҳам дар синамои Тоҷикистон коргардонӣ мекунанд?

О. Раҳмонов: Бале. Ва як хонуми дигар, ки дар айни замон шаҳрванди Укроин мебошад, вале дар ҷануби Полша зиндагӣ мекунад. Гоҳ-гоҳ бо якдигар вомехурем.

Суол: Номашон чист?

О. Раҳмонов: Дилрабо Самадова.

Суол: Фикр мекунам, он кас варзишкор ҳам ҳастанд?

О. Раҳмонов: Бале. Ҳоло он кас дар нафақаи варзишӣ ҳастанд, вале духтарашон варзишкор аст. Дар Полша каси дигарро аз Тоҷикистон намешиносам. Шояд бошанд, вале хеле кам. Хуб мешуд, агар барномаи шумо ба мо кумак кунад ва мо бо тоҷикони Аврупо ошно шавем ва ҳамкорӣ барқарор кунам.

Суол: Оқои Оймуҳаммад, мо барномае дорем бо номи "Садои Ҳамватан", ки ин гуфтугуи мо ҳам дар ин барнома пахш мешавад. Агар шумо ба ин барнома гуш диҳед, метавонед бо ҳаёти тоҷикон дар Аврупо, Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва амсоли он ошно шавед.

О. Раҳмонов: Хеле хуб ташаккур.