Дар байни Вошингтон ва Маскав табодули бештари суханҳои сахт ба вуқӯъ пайваст. Шиддат дар миёни Амрико ва Русия аз рӯйдодҳои Гурҷистон дар моҳи гузашта сар шуда, Вошингтон хуруҷи фаврии нерӯҳои Русия аз Гурҷистонро талаб мекард. Президенти Русия, Дмитрий Медведев рӯзи шанбе истифодаи киштиҳои ҷангии Амрикоро дар ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба Гурҷистон танқид кард. Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Дик Чейнӣ дар Итолиё, пас аз сафари кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Гурҷистон, Маскавро дар эҳёи токтикҳои кӯҳнаи тарсонидан ва истифода аз зӯроварӣ айбдор намуд.