Дар Бритониё нахустин китоби электронии тавлиди ширкати "Сонӣ" ба фурӯш баромад. Он ҳамагӣ 260 грамм вазн дошта, метавонад, 160 китобро дар ҳофизаи худ бигунҷонад. Захираи энержии китоб ба гардондани қариб 7 ҳазор сафҳа баробар буда, танҳо ҳангоми гузаштан ба сафҳаи дигар сарф мешавад. Дар камтарин ҳолат ба тавасути ин китоби электронӣ мешавад, ҳафт бор "Шоҳнома"-ро мутолиа кард. Ҳаҷм ва вазни ками он имкон медиҳад, кас ҳангоми сафар низ садҳои китобро бо худ дошта бошад. Асарҳои заруриро мешавад, дар фурӯшгоҳо ва ё аз ройона ба ҳофизаи китоб ворид кард.