Дар ин бораи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи нишасти сарони кишвари узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав эълон кард. Вай гуфт, сарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Шимолиро маҳкум намуданд, ки ин иқдоми низомӣ сабаби ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи гузашта шуд.
Дмитрий Медведев гуфтааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳо эъломияе қабул шуд, ки мавқеъи ягонаи кишварҳои узв дар масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла авзоъ дар Қафқозро инъикос мекунад. Дар эъломи сарони кишварҳо омадааст, ки саъйи Гурҷистон барои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани муноқиша, ки сабаби талафоти ҷонӣ шуд, кишварҳои узвро амиқан нигарон кардааст.
Русия интизор дошт, ки дар ҳамоиши шаҳри Маскав сарони кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъӣ бо як садо аз иқдомоти Русия дар Гурҷистон тарафдорӣ хоҳанд кард. То кунун кишварҳои узв Тоҷикистону, Узбакистон, Қирғизистону Арманистон ва Белорус дар ин амр бо истифода аз масали “ҳам дил ба даст ояду ҳам ёр нараҷад” эҳтиёткорона амал кардаанд.
Русия, ки баъд аз муноқишаи моҳи август бо Гурҷистон ду минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт, мехоҳад то кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба он пайравӣ кунанд.
Аммо дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв, ки рӯзи панҷшанбе дар Маскав доир шуд, вазирони панҷ кишвар дар эъломияи ниҳоӣ бо дили нохоҳам аз Русия ҳимоят карданд, вале аз пазируфтани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақил худдорӣ варзиданд.
Русия пас аз муноқиша бо Гурҷистон таҳти фишор ва интиқоди кишварҳои Ғарбӣ қарор гирифтааст ва талош дорад, то дар баробари ин фишорҳо тарафдории кишварҳои шарикашро ба даст орад ва ба Ғарб нишон бидиҳад, ки танҳо нест. Аммо танҳо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, чанде пеш бо тарафдорӣ аз иқдомоти Русия дар Қафқоз гуфт, Русия илоҷе ба ғайр ворид шудан ба қаламрави Гурҷистон ва рафъи ҳамлаи онҳо ба Осетияи Ҷанубӣ надошт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз нақши Русия дар Қафқоз ҳимоят карда, вале гуфтааст, ҳама мушкилот бояд бо роҳи муколама рафъ шавад. Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 имзо шуда буд, баъд аз даҳ сол дар соли 2002 ба як созмони мустақил табдил ёфт.