Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти ахири худ дар Маскав тасмим гирифтанд, ки дар маҳофили байнулмилалӣ дар робита ба бӯҳрон дар Қафқоз аз мавқеъи воҳид кор бигиранд. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз мавқеъи Русия дар низоъ бо Гурҷистон пуштибонӣ карданд ва аммо аз эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ намуданд. Дар изҳороти вазирони умури хориҷаи ин созмон омадааст, ки онҳо “аз нақши фаъоли Русия барои сулҳ ва ҳамкорӣ дар Қафқоз ҷонибдорӣ мекунанд”.
Аҳли нишаст ҳамлаи Тифлис ба Осетияи ҷанубиро, ки, тавре дар изҳорот омадааст, “ ҳалокати теъдоди бузурги мардуми осоишта, нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва ҳамчунин фоҷиаи ҷиддии башариро дар пай дошт”, маҳкум карданд. Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо гӯшрас ба Ғарб барои пуштибонияш аз Гурҷистон даъват карданд, ки “ҳама мамолик вазъро воқеъбинона арзёбӣ кунанд ва аз амалҳое, ки боиси жарфтар шудани низоъ бигардад, худдорӣ намоянд”.
Дар нишасти вазирони хориҷаи ин созмон Сергей Лавров, раҳбари идораи сиёсати берунаи Русия суханронӣ кард ва бори дигар пуштибонии кишварҳои ғарбӣ аз Тифлисро ҳадафи танқид қарор дод. Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар ҳоле доир шуд, ки низомиёни Русия то ҳол дар, ба истилоҳ “минтақаҳои амниятӣ” дар қаламрави Гурҷистон мустақаранд ва Маскав даъвати кишварҳои ғарбӣ барои ба мавқеъҳои қабл аз низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ баргардонидани нерӯҳояшро нодида мегирад.
Коршиносон мегӯянд, ки Маскав аз пуштибонии комили ҳампаймонҳояш дар робита ба эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ бархурдор нест – ягон кишвари узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар пайравӣ аз Маскав ин ду ҷумҳуриро ба расмият нашинохтааст.
То имрӯз фақат Никарагуа эълом дошт, ки истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро эътироф хоҳад кард. Талошҳои қаблии Русия барои пуштибонии дигар кишварҳо аз истиқлоли ин ду ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе натиҷаи дилхоҳ барои Маскав бор наоварданд.
Рӯзи ҷумъа дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ доир мешавад ва ба гуфтаи таҳлилгарон дар ин нишаст Русия боз ҳам барои дарёфти пуштибонии бештари ҳампаймонҳояш дар робита ба ҳаводиси ахир дар Қафқоз ва ба расмият шинохтани Абхазистону Осетияи ҷанубӣ талош хоҳад кард.