50000 фирорӣ дар натиҷаи низоъ дар Гурҷистон

Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, бар асари низоъ миёни Русияву Гурҷистон камаш 50000 нафар наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд.
Аснои сӯҳбат дар кишвари африқоии Тунис Антонио Гутеррес гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои амалиёт ҳанӯз ҳам идома дорад ва ба фирориён имкони бозгашт ба хонаҳояшонро намедиҳанд. Гутеррес таъкид кард, ки имкони боздид аз мардуми бе хонаву ҷо монда хеле муҳим аст. Ӯ изҳори умед кард, ки ба зудӣ ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо мекунад.