Гирдиҳамоии мухолифин дар Назран саркӯб шуд

Дар шаҳри Назран, пойтахти ҷумҳурии Ингушетия гирдиҳамоии мухолифин пароканда карда шуд. Ба иттилоъи сомонаи интернетии “Ингушетия.ру”, гурӯҳи зудамали полис зимни пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз силоҳ истифода кард ва бар асари ин чанд кас маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба мақомоти ҳифзи тартибот иттилоъ медиҳад, ки ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ тамоми шаб яке аз хиёбонҳои марказии Назранро баста ва аммо субҳ пароканда шуданд.

Гирдиҳамоии аҳзоби мухолифи Ингушетия дирӯз шурӯъ шуд. Ширкатдорон хостори тафтиши воқеъбинонаи ҳалокати Муҳаммад Евлоев, соҳиби сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” ва истеъфои раиси ҷумҳур Мурод Зязиков шуданд. Муҳаммад Евлоев, ки рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи Магаси Ингушетия боздошт шуда буд, бар асари ҷароҳати бардошта дар мошини милиса ба ҳалокат расид. Мақомоти ҳифзи тартибот аз рӯи банди “куштор бар асари беэҳтиётӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамсафони Муҳаммад Евлоев марги ӯро “куштори сиёсӣ” мехонанд. Мақомоти Ингушетия сомонаи “Ингушетия.ру”-ро дар пахши матолиби ифротгароёна айбдор мекунанд.