Дар Ислобомод нишасти раҳбарони аҳзоби эътилофи ҳоким ба сари интихоби ҷойнишини Парвиз Мушарраф - собиқ раиси ҷумҳури Покистон бидуни натиҷа анҷом шудааст. Интизор меравад, аъзои аҳзоби ҳокими Покистон рӯзи ҷумъа муҷаддадан сари гуфтугӯ нишинанд. Парвиз Мушарраф рӯзи гузашта, пас аз нӯҳ соли ҳукмронӣ, аз маснади раёсати ҷумҳурии Покистон канор рафт. Дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Симру, раиси Маҷлиси ин кишвар муваққатан раёсати ҷумҳурии Покистонро ба ӯҳда дорад.