Кумисариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон Антонио Гутеррес барои ҳимоят аз даҳҳо ҳазор сокини беҷошуда дар натиҷаи даргирии миёни Русия ва Гурҷистон имрӯз ба Тифлис рафт. Вай аз мақомоти кишварҳо дастрасии комил ба тақрибан 159 000 нафар мардумеро, ки дар пайи ин даргириҳо беҷо шудаанд, талаб кардааст. Қарор аст, Антонио Гутеррес рӯзи чоршанбе ба Маскав равад.