Вазирони умури хориҷии Паймони атлантики шимолӣ (НАТО) барои баҳс дар бораи авзоъи Гурҷистон ва ҳамоҳанг кардани мавзеъашон дар қиболи Русия нишасти изтирории худ дар Брюсселро оғоз карданд. Девид Мелибенд, вазири умури хориҷии Бритониё, пеш аз шурӯъи ин нишаст гуфт, ки “авлавияти онҳо нишон додани пуштибонияшон аз Гурҷистон, аммо бидуни дар инзивоъ гузоштани дипломатияи Русия аст”. Франк-Валтер Штайнмайер, вазири умури хориҷии Олмон, аз Русия хост, ки ҳарчи зуд нерӯҳои худро, ба гуфтаи ӯ, аз нуқоти марказии Гурҷистон берун барад. Кондолиза Райс, вазири умури хориҷии Амрико, низ дар остонаи ташкили ин нишаст гуфта буд, ки НАТО бояд Русияро дар пайи таҳоҷумаш ба Гурҷистон аз ҳар гуна пирӯзии стратегӣ маҳрум кунад.