Мақомоти расмии Исломобод мегӯянд, дар як бамгузорӣ дар беморхонаи Дараи Исмоилхон, дар шимолу ғарби Покистон, дастикам 20 нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории “Ройтер” инфиҷор замоне рух дод, ки гурӯҳе аз шиаҳо дар эътироз ба қатли яке раҳбаронашон дар назди ин бемористон таҷаммӯъ карда будаанд.