Дар бомбгузории Хуст 9 афғони осоишта ҳалок шуданд

Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА гузориш медиҳад, ки имрӯз дар канори як пойгоҳи амрикоӣ, воқеъ шарқи Афғонистон, бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро мунфаҷир намуда, 9 афғони осоиштаро ба қатл расонд. Дар ин ҳодиса ҳамчунон 13 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Волии Хуст Арсалло Ҷамол мегӯяд, қурбониҳо: ходимони пойгоҳ, мунтазири вуруд ба дохили он буданд. Ӯ илова кард, ки бомбгузори дуюм саъй намуд, ҳангоми тафтиши таркиши аввал мошини саршор аз маводи таркандаро рӯи афсарони полис равон кунад, вале қабл аз ҳамла кушта шуд.
Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтаанд.
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки ҳамлакунандагон тоқати дидани истиқлоли Афғонистонро надоранд.