Лубнон ва Сурия дар мавриди барқарор кардани равобити дипломатӣ дар сатҳи сафирҳо ба мувофиқа расиданд. Ин созиш дар мулоқоти раиси ҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон ва раҳбари Сурия Башор Асад дар Димишқ ҳосил шуд. Сафари расмии Сулаймон ба Димишқ – нахустин сафари раҳбари Лубнон ба Сурия баъд аз ҳалокати сарвазири собиқ Рафиқ Ҳарирӣ бар асари ҳамлаи террористӣ дар се соли пеш аст. Бархе аз нерӯҳои Лубнон дар ин куштор хадамоти кашфи Сурияро айбдор мекарданд.
Сурия ва Лубнон баъд аз дарёфти истиқлол аз Фаронса дар солҳои 40-уми қарни гузашта робитаи комили дипломатӣ надоштанд.