Укроин барои киштиҳои ҳарбии Русия дар Баҳри Сиёҳ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Президенти укроин дастуреро имзо кард, ки тибқи он киштиҳои Русия, ки мехоҳанд ба пойгоҳи иҷорагирифтаи Маскав дар Севастопол баргарданд, бояд 10 рӯз пешакӣ дархост фиристанд. Ба нишони пуштибонӣ аз Гурҷистон Киев ҳамчунин ба худ ҳаққи манъи ҳаракати киштиҳои ҷангӣ ба самти Гурҷистонро додааст.