Бомбгузориҳову тирандозиҳои ахири нирӯҳои русӣ дар шаҳри гурҷии Гори қурбониҳои зиёд ба дунбол доштааст. Хабарнигори аккоси Ройтерс гузориш медиҳад, ки дар хиёбонҳои марказии шаҳр ҷасади панҷ нафар, аз ҷумла ду хабарнигорро ба навор гирифтааст. Аксбардори Франс-Пресс гузориш медиҳад, ки яке аз кушташудагон хабарнигори гурҷӣ буд, ки дар пайи ҳамла болои мошини онҳо ҷон дод. Ронандаи ин мошин ҳам ба ҳалокат расидааст. Сафири Ҳолланд дар Тифлис имрӯз роҷеъ ба кушта шудани як хабарнигори телевизиони Ҳолланд дар шаҳри Горӣ гузориш дод. Шаҳри Гори дар қаламрави Гурҷистон ҷойгир буда чун минтақаи марзии кишвар бо ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад.