Беш аз 20 ҳазор сокинони Тифлис дар як гирдиҳамоӣ аз артиши кишварашон пуштибонӣ карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, ҷамъомадагон мутмаинанд, ки низомиёни кишвар барои якпорчагии Гурҷистон меҷанганд.
Онҳо аз Русия даъват карданд, ки таҷовуз болои Гурҷистони соҳибистиқлолро қатъ кунад. Хабаргузориҳо ҳамчунин иттилоъ медиҳанд, ки варзишгарони гурҷӣ дар шаҳраки Олимпӣ дар Пекин ҳам алайҳи амалҳои Русия намоиши эътирозӣ доир карданд.